ABNA24: Ҳасани Рӯҳонӣ рӯзи шанбе дар паёме бо таслияти шаҳодати шаҳид Муҳсини Фахризода, донишманди ҳастаии Эрон афзуд, якбори дигар дастони палиди истикбори ҷаҳонӣ бо муздӯрии режими ғосиби саҳюнистӣ ба хуни фарзанде аз фарзандони рашиду барӯманди ин марзу бӯм оғушта шуд ва миллати Эронро дар ғаму андӯҳи аз даст додани донишманди пурталош фурӯ бурд.
Рӯҳонӣ таъкид кард, душманони забун(ҳақир)-и миллати Эрон бидонанд бо шаҳодат на танҳо халале дар иродаи ҷавонону донишмандони Эрони исломӣ дар паймудани масири рушди шитобандаи илмӣ ва фатҳи қуллаҳои ифтихор эҷод нахоҳад шуд, балкӣ азми ононро дар идомаи роҳи ин шаҳиди гаронқадар мусаммамтар хоҳад кард ва хуни шаҳидонамон ҷӯшону хурӯшон боқӣ хоҳад монд.
Муҳсини Фахризода, раиси Созмони пажӯҳиш ва навоварии Вазорати дифо ва пуштибонии нерӯҳои мусаллаҳи Эрон асри рӯзи ҷумъа дар як ҳамлаи террористӣ дар атрофи Теҳрон ба шаҳодат расид.
342/